Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Баъди чанди дигар, рўзи 1 марти соли равон мо ба назди қуттиҳои овоздиҳӣ омада, вакилони худро ба яке аз муҳимтарин пояҳои ҳокимияти давлатиамон, ба мақоми олии қонунгузори мамлакат Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳою шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот барои панҷ соли оянда интихоб мекунем.

Ин чӣ маънӣ дорад? Оё ҳамагон ба хубӣ сарфаҳм меравем, ки иштироки мо дар интихобот, дидаю санҷида ва бо риояи инсофу адолат, воқеъбинона овоз доданамон барои ин ё он номзад, барои намояндаи ин ё он ҳизб, қувваи сиёсӣ чӣ иқдоми муҳим ва масъулонаест?
Шаҳрвандони азизи кишвар медонанд, инро мо дар рўзгори ҳамарўзаи хеш даҳҳо бор шоҳид будаем, ки давлатдории навини мо бар пояи қонун устувор аст, тамоми ҷомеа пойбанди қонун аст. Муносибатҳои гуногунпаҳлуи давлат, фард ва ҷомеа тавассути қонун танзим гардида, иҷрои он, муқаддам гузоштани он барои ҳамагон, аз хурд то бузург ҳатмист. Қонун рушди моро таъмин месозад, ояндаи моро рўшан мекунад. Волоияти қонун яке аз бахшҳои умда ва ба чашм намоёни низоми демократӣ дар кишварамон аст.
Мо ин роҳро ҳанўз аз қадамҳои нахустини ба истиқлолияти давлатӣ расидан, бо қабули Сарқонунамон, ки воқеан он ҳам бо раъйдиҳии ҳамаи мову шумо сурат гирифт, интихоб карда будему имрўз бо ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари муаззами кишварамон, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти номбурда собитқадамона пеш рафта, онро зина ба зина таҳкиму тақвият дода истодаем. Сарқонун Тоҷикистонро давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муқаррар кардааст.

пешина
аз 601
навбатӣ