ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Аз Ориён то Сомониён» баробари анҷом додани як хидмати бузург дар ҷодаи илми таърих, зимнан, насли имрўзаро даъват менамоянд, ки аз корномаи гузаштагон ибрати ватандорӣ омўзанд. Ҳамзамон аз ахлоқи ҳамидаи гузаштагон барои худашон хислатҳои хуби инсониро касб намоянд. Зеро дар ҷодаи созандагӣ дар баробари мавҷуд будани андешаи қавии миллӣ, ки омили музаффарияти минбаъда мебошад, ахлоқи некўи инсонӣ низ нақши бориз дорад.
Китоби дигари Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагор” низ дар баробари арзиши баланди илмиву таърихӣ доштан дорои аҳамияти бузурги тарбиявӣ мебошад. Китоби мазкур ифодагари таърихи пурғановати тоҷик буда, муаллиф дар бораи ҳаёт ва фаъолият, ҳамчунин, фидокориву ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаву далери хеш тадқиқоти ҷолиб бурда, дар ниҳоди хонанда, хоса, ҷавонони Ватан эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватандориро такмил медиҳад.
Китоб армуғони маънавии Пешвои миллат бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буда, як бори дигар собит месозад, ки эътиқоду эътимоди Сарвари кишвар ба таърих, адабиёт ва фарҳанг – такягоҳи устувори миллат беандоза аст ва воқеаҳои таърихиро барои имрўзиён дарси ибрат ва ҳаёт медонанд.
Китоби мазкур дорои чандин хусусиятҳои муҳими илмиву таърихӣ ва тарбиявӣ мебошад. Аз ҷумла, “Чеҳраи мондагор”– зиндагинома ва корномаи симоҳои барҷастаи миллат, таърихномаи корнамоиҳо ва сарфарозиҳои халқи тоҷик, баёнгари фарҳанг ва тамаддуни таърихи беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон буда, маҳсули омўзиш, мушоҳидаҳо ва хулосаҳои саҳеҳи илмии Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таърих, тамаддун, нақши шахсиятҳо дар таърих ва роҳҳои бардошти сабақи таърихӣ аз он мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор