Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Таълимоти Зардушт дар рушди ахлоқии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла тоҷикон нақши мунир гузоштааст. Таҳаммулпазирӣ, арҷгузории илму маърифат, пеш гирифтани роҳи ободониву созандагӣ, меҳнатдўстӣ, ахлоқи ҳамида ва дигар падидаҳои неки зиндагӣ аслан самараи неки тамаддуни ориёӣ мебошанд.
Пешвои миллат бо китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ба рисолати таърихии мардуми тоҷик бори аввал дар илми таърихнигорӣ баҳои сазовор дода, ҳамзамон аз арзишҳои ахлоқии таърихӣ ёд мекунанд, ки барои насли имрўз дарку маърифати он ҳатмист. Пеш аз ҳама, халқи тоҷик табиатан халқи созандаву бунёдкор, оромтабиату нексиришт, шикастанафсу меҳнатдўст аст. Дар хуни аҷдоди ў пархошҷўиву набардписандӣ ва ҷанг пеша кардан қариб набудааст. Сипас, таърихи ҳазорсолаи дуру наздик гувоҳ аст, ки оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронда, аз дунболи ҳар шикасту инқирози чашмрас боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон фарҳанги давлатдории тоҷикон номид. Ин баҳои сазовори Сарвари давлат мебошад, ки таъриху фарҳанги халқи хешро бо ҷиддияту масъулияти том омўхтаву тадқиқ намудаанд, баробари миллати худ роҳи пурпечутоби сулҳу созандагиро тай намудаанд, дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихи Ватан масъулияти гарони наҷоти халқро аз даргириҳо ва бўҳронҳо бар дўши худ гирифтаанд, ба Ватану мардуми кишвар муҳаббату садоқати беандоза доранд. Ин баҳои баланди сарвари хирадманду адолатпеша, дипломат, сиёсатмадори тавоно ва фарзанди содиқи миллат мебошад.
Пешвои миллат бо таълифи китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих.

пешина
аз 601
навбатӣ