ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
АРЗИШҲОИ ТАРБИЯВИИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ
МИЛЛАТ
Осори арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳамаияти илмиву адабӣ ва таърихӣ аз назари тарбияи ҷавонон низ пурарзиш маҳсуб мешавад. Махсусан, асарҳои таърихии Пешвои миллат оид ба таърихи тамаддун, забон ва шахсиятҳои мондагори таърихӣ дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон нақши басо бузургу шоиста дорад. Яке аз ин гуна асарҳо, ки «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» мебошад, ки дар он таъриху тамаддуни ниёгони ориёии мо то истилои араб дар заминаи манбаъҳои боэътимоди таърихӣ ва тадқиқотҳои пурмўҳтавои олимони ватанию хориҷӣ ба риштаи тадқиқ кашида шудааст. Асар фарогири масоили таърихи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии қавми ориёинажоди Осиёи Марказӣ дар робита бо таърихи тамоми эрониён мебошад. Дар ин тадқиқоти хеле муфид масъалаҳои ташаккули халқиятҳои ориёӣ, густариши тамаддуни он, падид омадани давлатҳои тавоною мутамарказ, нақши аҷдодони мо дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо назари тоза ва дар заминаи дастовардҳои нави илмӣ матраҳ гардидаанд. Омўзиши ин асар баробари дар рушд ва тақвияти андешаи миллии тоҷикон аҳамияти хоса доштан, дар мавриди тарбияи ҷавонон ва дар ниҳоди онҳо густариш додани худшиносии миллӣ, ватанпарвариву ваҳдатгароӣ беназир аст.
Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон, ки ояндаи миллат ба ахлоқ ва дониши онҳо сахт марбут аст, омўзиши таърихи ниёгонро яке аз рукнҳои муҳими расидан ба ин матлаб медонанд: «Мо ба гузашта ба хотири парастиши соддалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти руҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба ақидаҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузургу ғайриоддӣ ноил гаштаанд, рўй меоварем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор