Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

устод Садриддин Айнӣ дар рушду такомули журналистикаи тоҷик низ хидмати арзандаро адо кардааст. Устод ҳамчун аз аввалин рўзноманигорон ва саромади матбуоти тоҷик рўзномаро забони миллат мешуморад ва ҳар қавме ки матбуот надорад онро безабон маҳсуб медонад. Пешвои миллат дар ин маврид менависанд: «Вақте ки ба таърихи матбуотамон назар меафканем, қабл аз ҳама хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айниро ба ёд меорем, ки ба хотири гузоштани асосҳои давлати мустақили мо анҷом додааст. Маҳз устод Айнӣ бо мақолаҳои ватандўстонаву маорифпарварона ва сухани миллатсози худ ба бедории мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшид». (1.314) Ҳамин тариқ муаллифи китоби “Чеҳраҳои мондагор” дар баробари зикри бузургиву матонат, хидмат ва шўҳрати оламгири Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ бо ишораи муҳимтарин паҳлўҳои ноомўхтаи зиндагӣ ва осори нависанда барои муҳаққиқони таъриху адабиёт ҷодаи ҷадиди таҳқиқ ва эҷодро муайян менамояд. Ба иборати дигар, бо назардошти манфиатҳои милливу давлатӣ омўзиши осори гаронбаҳои устод Садриддин Айнӣ арзиши дигари ҷовидонии худро зоҳир хоҳад намуд.

Адабиёт:

  1. Раҳмон, Эмомалӣ. Чеҳраҳои мондагор. - Душанбе: ЭРграф, 2016. -363 с.
  2. Раҳмон, Эмомалӣ. Тоҷикон дар оини таърих. Аз Ориён то Сомониён, дар се китоб. –Душанбе: Ирфон, 2002 -2006 3. Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ. Таҳияи Хуршеда Отахонова. -Душанбе: Дониш, 1978 4. Садриддин Айнӣ. Қаҳрамони халқи тоҷик: Повести таърихӣ барои бачагони синни калони мактабӣ.-Душанбе: Ирфон, 1969,-92с.
  3. Шакурӣ Муҳаммадҷони Бухороӣ. Садриддин Айнӣ – равшангари бузурги таърих.-Хуҷанд: Нури маърифат.2001.-106 с.
    Соли 2017
пешина
аз 601
навбатӣ