ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар Тоҷикистон ҳар сол моҳи сентябр Рўзи Рўдакӣ ҷашн гирифта мешавад ва бе муҳобо кишвари мо маркази рўдакишиносӣ маҳсуб мешавад ва ин фарзанди арзандаи миллати мо чеҳраи мондагори таърихи олам дониста мешавад.
Дар мақолаи “Ситоишгари адлу ростӣ ва нуру хирад” сухан дар бораи шоири ҳамосасаро ҳаким Фирдавсӣ меравад. Муаллиф дар мақолаи на чандон тўлонӣ тавонистаанд муҳимтарин хусусиятҳои шоирии Фирдавсӣ, мақому манзалати ў дар таърихи адабиёт, арзиши адабиву таърихии “Шоҳнома”-и ўро ба қалам оваранд. Аз назари Пешвои миллат Фирдавсӣ “ҳамосасарои нобиға ва бузургтарин донандаи таърих ва зиндагиномаи гузаштагонамон”(1.231) ба ҳисоб рафта, “Шоҳнома”-и ў ба масовои пандномаи беназир, дастури омўзонанди ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, тарғибгари сулҳу ваҳдат шўҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Матлабҳои меҳварӣ дар ин мақола, ки ҷаҳонбинии Фирдавсиро ифода менамояд, руҷўъ ба таърихи миллат, арҷгузорӣ ба донишу хирад, тарғиби сулҳу ваҳдат ва бародарӣ, талқини ростиву росткорӣ мебошанд. Пешвои миллат таваҷҷўҳи хонандаро ба он равона месозанд, ки инсоният набояд ба дасисаҳои аҳриманӣ дода шавад, ки муттассифона солҳои наваддум ин ба сари миллати мо фуруд омад. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, достонҳои он, ҳикмати он моро ба роҳи рост ҳидоят мекунад ва омўхтани ин асари безавол барои ҷавонони имрўз муфид аст.
Дар бораи чеҳраи мондагори таърихи башарият, поягузори тибби дунё Абўалӣ ибни Сино дар китоб таҳти унвони “Муттафаккири абадзинда”, сухан рафтааст, ки дар тўли умри кўтоҳи 57-солааш ин табиби ҳозиқ тавонистааст осори безаволу гаронбаҳое биофарад, ки садсолаҳо мавриди ниёзи ҳамарўзаи олимону табибон қарор дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор