ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар китоб ҳамчун чеҳраҳои модагори таърихӣ як қатор адибони классикӣ ва олимони маъруфи асримиёнагӣ муаррифӣ шудаанд. Аз ҷумла, дар бораи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ таҳти унвони “Қофиласолори адабиёти тоҷику форс” сухан меравад, ки ба андешаи муаллиф шеъри устод Рўдакӣ пайвандгари наслҳои гузашта, имрўза ва ояндаи миллати тоҷик аст. Дар мақола зиндагиномаи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ аз даврони наврасӣ то охири ҳаёташ тасвир ёфта, муаллиф муҳимтарин воқеаҳои рўзгор ва хусусиятҳои фардии шоирро бо назари таҳқиқ ба қалам овардаанд. Аз ҷумла, дар мавриди таъсири самарбори давлати Сомониён ба зиндагӣ ва ашъори Рўдакӣ бо мисолҳои мушшахас ибрози назар намуда, аз ватанпарастиву миллатпарварии шоир дар заминаи шарҳу тавзеҳи ашъори баландмазмуни адиб ёд кардаанд. Дар мавриди мақоми Рўдакӣ дар густариши забони тоҷикӣ менависанд: “Хизмати Рўдакӣ дар такомули забони тоҷикии форсӣ низ хеле бузург аст. Маҳз ў ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде сайқал доданд, ки он ба забони меъёри илму адаб табдил ёфта, боиси мондагорӣ ва густариш пайдо кардани он гардид.”(1.225).
Масъалаи муҳиме, ки дар ин мақола аз ҷониби Пешвои миллат ба доираи таҳлил кашида мешавад ин саҳми тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросон дар ташаккул ва густариши забону адабиёти тоҷику форс мебошад. Зимнан Пешвои миллат баррасии ин масъаларо аз сари диққату назокати хоса ба муҳаққиқони соҳа вомегузоранд ва махсусан тавзеҳу ташреҳи ғояҳои баланди инсондўстона ва ватанпарваронаи осори ин адибонро дар тарбияи насли ҷавон ва тавсеаи ваҳдату ҳамбастагии мардум муфид медонанд. Гузашта аз ин, аз ҷараёни рўдакишиносӣ дар ҷаҳон ёд карда, Пешвои миллат ба хидмати олимони маъруфи ҷаҳон арҷгузорӣ менамоянд. Воқеан маҳз бо ташаббусу пешниҳод ва дастури Сарвари давлат соли 2008 ҷашни 1150-солагии шоир дар сатҳи баланд қайд шуд ва кулли рўдакишиносону адабпарварони оламро дар диёри Одам-уш-шуаро ҷамъ овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор