ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Зеро мақсади чунин ҷудонамоӣ низ дар зинаи аввал ба андешаи муҳаққиқ Уилям Маклафлин «на озод намудани инсон аз эътиқод, балки озод намудани дин аз таъсирҳои беруна буд».
Ҳамзамон набояд фаромўш кард, ки арзишҳои исломӣ ва ислом, ки муддати тўлонӣ бо таърих ва фарҳанги мо зич алоқаманд аст, як восита ва як ниқоби ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва динии мо аз - ҷаҳонишавии беҷо (ҷараёни ғарбгароии масоили иҷтимоӣ) дар замони муосир маҳсуб мешавад.
Мо метавонем тадриҷан арзишҳои исломиро ҳифз карда мазмуну моҳияти зиндагии худро дар доираи талаботи ҷомеаи шаҳрвандию талаботи инсони нав, ки аз даъватҳои таърихӣ маншаъ мегиранд, истиқлолияти давлати демократии худро бо назардошти манфиатҳои миллӣ ҳифз намоем. Рушд, озодӣ ва саодати миллати мо дар роҳи таърихие нуҳуфта шудааст, ки мардуми Тоҷикистон баҳри он овоз додааст. Давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ бо эътироф ва риояи арзишҳои исломӣ роҳи дурахшони ояндаи миллати мост.
Дар фарҷом бори дигар хотирнишон сохтанием, ки ба шарофати истиқлолият дар кишвари мо арзишҳои динӣ ҳамчун арзишҳои олии умумиинсонӣ мақому манзалат касб намуданд ва аз бисёр ҷиҳат ҳаёти ҷомеаро адолатнок танзим менамоянд. Дар ин самт дастгирӣ ва таъкидҳои Роҳбари давлати Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҳидоятгар ва раҳнамо буд. Президенти мамлакат ҷиҳати рушди муътадили фазои андешаи динӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ бо роҳи зинда намудани номи бузургони фарҳанги исломӣ, чопи асарҳои илмӣ ва динии тамаддуни исломӣ хизмати арзанда намуда, дар шинохти исломи асил ва муътадил дар Тоҷикистони муосир саҳми беандоза бузург гузоштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё