ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Аммо, дар мо иддае мутаассифона, исломро танҳо ба воситаи ҳимояи манфиати гурўҳе табдил дода, истифодаи дигар ҷабҳаҳои арзишманди онро мамнуъ карданианд.
Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва сабақи талхи начандон дури таърихӣ, ҷудо будани созмонҳои динӣ аз давлатро дар Конститутсия (қ.4. м.8) таъйид намудааст, вале ин ҳаргиз маънои мутлақан ҷудо будани дин аз давлатро надорад. Дин ва ҷомеа унсурҳои муҳимми такмили якдигаранд. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки байни ҷомеа ва дин, дин ва давлат деворе бунёд кунад. Ин танҳо як хатест, ки сарҳади самти фаъолияти динро аз давлат муайян мекунад. Дин воситаи муҳимми тарбия, баланд бардоштани ахлоқ, таҳаввули рўҳии мардум буд ва хоҳад монд. Давлат ва дин ҳамеша ба ҳамдигар эҳтиёҷ доранд. Давлат шароити озоди тарғибу ташвиқ, риояи маросимҳои эътиқодӣ, анҷоми тоат ва ғайраро барои дин муҳайё намуда, дар ташаккули озоди он мусоидат мекунад.
Давлат ба иттиҳодияи динӣ замин ҷудо мекунад, навъҳои онро эътироф мекунад, мақоми ҳуқуқии ташкилоти диниро муқаррар намуда, паҳнои онро чун мақоми амалишавии ҳуқуқ ба озодии эътиқод муаррифӣ менамояд. Давлат озодии виҷдон ва эътиқодро эълон намуда, ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки мутобиқ, ба салоҳдиди худ ҷиҳати риояи озодии виҷдон ва мазҳаби динии худ муттаҳид шаванд, дастаҷамъона ибодат намоянд ва ба шакли фаъолияти иттиҳодияи динӣ асос гузоранд. Аз ин хотир, ибораи конститутсионии ҷудо будани ташкилоти динӣ аз давлат, ин ифодаи ҷудоии мутлақи ин ду ҳодисаи ҳуқуқӣ набуда, балки халалдор накардани фаъолияти якдигар аст. Бинобар ин ҷудо намудани ташкилоти динӣ аз давлат ба ташкилоти динӣ, ки бо мақсади риояи талаби эътиқоди динӣ таъсис ёфтааст, кўмак намуда, имконияти озоди мавҷудияти динҳоро дар ҷомеа таъмин менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё