Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ин ҳама дар назари мо, асирони воқеии муаммоҳои имрўз чун қонунияти зиндагӣ ногузир ва муътадил менамояд. Ҳар нафаре, ки аз рўзгори гузаштагон хуб огоҳӣ, дорад, ба осонӣ пай мебарад, ки таърих нисбат ба ин даврон хеле баланд ва ҷиддӣ ҳарф хоҳад зад. Ин давронест, ки бо ҳама мушкилиҳояш чунин муносибатро арзандааст, зеро маҷмўи ҳодисоту лаппишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодию ҳуқуқии он то он дараҷа тақдирсозу тағйирпазиранд, ки мавҷи садоҳои он ба умқи садсолаҳои оянда, ба ҳайси як даврони гардиши куллӣ бидуни мушкилӣ хоҳад расид. Ин даврон бо вуҷуди он, ки бисёре аз равандҳои пошхўрию бархўрд ва маҳрумкуниҳоро дорост, ба ҳар халқ ва ҳар кишваре имконе, ҳаққе ва ё инъоме бахшида.
Барои мо тоҷикон соҳибистиқлол шудану роҳбари хирадмандро интихоб кардан бузургтарин неъмат буд. Ҳеҷ неъмате, ҳеҷ арзише дар зиндагии инсон бидуни ҳикмат ва заҳмате муяссар нахоҳад шуд. Соҳибихтиёрии зери таъсири равандҳои ҷаҳонӣ насибгардида, ки ба андешаи иддае осон ба даст омадааст, дар асл имтиҳонҳои вазнини сохтани низоми иқтисодӣ, бунёди шакли идораи давлатӣ, таъмини амнияти ҷамъиятию давлатӣ ва ҳифзи истиқлолиятро ҳамчун масъалаҳои муҳими бақо ва фано вазифагузорӣ карда буд.
Ҳалли чунин вазифаҳои мабдавии ҳастии давлат бидуни Роҳбари хирадманд, дурандеш ва адлпарвару тавоно ба мисли Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номумкин буд.
Барои тарроҳони дохилию хориҷӣ миллати Тоҷикро пас аз ҳазор соли бедавлатӣ ҳамчун миллати соҳибдавлат дидан мушкилиҳо дошт. Тоҷикистони тозаистиқлол дар ҷустуҷўи хушбахтии мардуми хеш ба шинохту эътибори арзишҳои миллию динӣ дар шароити вазнини ҷаҳонишавии манфиатҳо даст зада, ба бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд иқдом намуд.

пешина
аз 601
навбатӣ