Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Барҳамхўрии Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ, иттиҳоди миллати олмон, пошхўрии давлатҳои мураккаби Аврупои Шарқию иттиҳоди давлатҳои Аврупои Ғарбӣ, гарчанде саҳнаҳои ҷудогонаи харитаи сиёсии ҷаҳон бошанд ҳам, умумияти аломатҳо ва хусусиятҳои тавъами онҳо аз ҳалқаҳои мантиқии як сиёсати ҷаҳонӣ буданашон гувоҳӣ медиҳанд. Як сиёсате, ки оқибатҳои мухталифро ба дурнамои халқу миллатҳо инъом карда, тобеъ будани онҳоро зери парчами манфиатҳои нави ҷаҳонӣ собит сохт. Азбайнравии тазоди мафкуравӣ ва тавлиди ихтилофи усулӣ ба зоҳирёбии манфиати кишварҳо таъсир расонида, тарроҳони ояндаи авзои сиёсии оламро ба мушкилиҳои рў ба рў кард. Назарияи интиҳои таъриху одами ниҳоӣ (Ф.Фукуяма) ба мушкилиҳои таърихие рў ба рў шуд, ки нишона аз интиҳои таърих надошта, хабар аз ибтидои даврони нав менамуд. Андешаи машҳуру дилфиреби ҷаҳони сармоядории муноқишаи тамаддунҳо (С.Хатингтон) бо мафкураи гуфтугўи тамаддунҳо (Ҳотамӣ), консепсияи тахтаи бузурги шоҳмоти ҷаҳонӣ (З. Бзежинский) воситаи паҳнгардии ғояҳои инқилобҳои рангоранг гашт.
Шинохти таърих аз даричаи форматсионӣ (марксизм), дарки инкишоф аз назари фавворавии (флуктуатсионии П.Сорокин), биниши ҷомеаи инсонҳо аз назари тамаддунӣ (А.Тойинби) бо асрору мушкилиҳои нав ба нав рў ба рў шуд, ки назири онро ҷомеаи инсонӣ ёд надошт. Мушкилӣ ва ихтилофи назарияҳои табиӣ, таърихӣ, синфӣ, органикӣ, илоҳӣ ва зўроварии ҳуқуқро андешаи интегратсионӣ ва назари либеритарӣ – ҳуқуқӣ хотима надода, вобаста ба шароит ва доираҳои мухталиф зери асрори имконият, манфиат ва қудрат дар ҷустуҷўи адолат ва инсоф боз ҳам шадидтару пурихтилофтар гардонид.

пешина
аз 601
навбатӣ