Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Оппозитсия инро ба хубӣ дарк намуда, роҳи эҳтиётӣ тайёр мекунад ва як фикрро гаштаю баргашта ба воситаи матбуот талқин дорад, агар Давлати Худоназар пирўзӣ наёбад, дар ҷумҳурӣ оромӣ ҳукмфармо намегардад.
Қувваҳои сиёсии ҷумҳурӣ – Ҳизби демократ, Созмони мардумии «Растохез», Ҳизби наҳзати ислом на дар атрофи ў, балки дар атрофи Давлат Худоназаров муттаҳид шуданд. Маълум нест, ки дар сурати ба сари қудрат омадани Р.Набиев онҳо чӣ гуна рафтор хоҳанд кард, – менависад корманди ҳафтаномаи «Чароғи рўз» Салими Аюбзод. Ва С.Аюбзод аз Мирзои Салимпур дифоъ карда, таассуф мехўрад, ки аксарияти халқи тоҷикро «тёмный народ»
ташкил медиҳад ва ин оммаҳои торик қодир нестанд, ки номзади сазоворро интихоб намоянд.
Ҷиҳати ахлоқии чунин баҳодиҳиро як сў мегузорем.
Халқи тоҷикро аз ин ҳам таҳқирҳои зиёд карданд, вале танҳо дар тангкўчаи паскўча. Акнун шукри ошкорбаёнӣ, ки намояндаҳои худаш низ чунин имконият доранд ва ҳатто аз минбарҳои баланд.
Дигар нуқта боиси ташвиш аст. Маълум нест, ки баъди интихобот оппозитсия Раиси ҷумҳур интихобшударо эътироф мекунад ё не? Бо ин гуфтаҳояшон онҳо ба он замина тайёр мекунанд, ки халқи бештараш аз оммаҳои торик иборатбуда, президенташро дуруст интихоб карда наметавонад. Ва бояд қисми бошуури он бо ҳар роҳу восита номзадашро ба сари маснад орад. Ин фикри нав нест.
Нечаев, ки «Напаевщина» марбути номи ўст, ҳанўз солҳои ҳафтодуми асри гузашта «Катехезиси инқилобчӣ»-ро тартиб дода буд. Ў навишта буд, ки аксарияти омма аз дунё бехабаранд ва танҳо як гурўҳи хурди инқилобчиён қодиранд ҳокимиятро тавассути террор ба даст гирифта, оммаҳоро хушбахт созад. Ҳатто онархист Бакунии аз навиштаҳои Нечаев ба даҳшат омада, аз ў даст кашид. Нечаев худро шогирди Бакуния эълом дошт.

пешина
аз 601
навбатӣ