Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Пас ҳадс зада мешавад, ки Давлат Худоназаров бо ном коммунист буданашро эътироф кардааст, чунин даъвое, ки гўё собиқ партократҳо аз Давлат Худоназаров ҷонибдорӣ намекунанд, як дурўғи маҳз аст.
Масалан, Котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Фрунзеи Душанбешаҳр Далер Шораҳматуллоев яке аз роҳбарони ситоди (штаб) интихоботии ўст.
Тадқиқотҳои социологӣ маълум карданд, ки номзадии Давлат Худоназаровро аз гурўҳ зиёиён, аҳли адаб, қисми донишҷўён ва сокинони як қатор ноҳияҳои Бадахшони Кўҳӣ дастгирӣ мекунанд. Албатта, ин барои пирўзӣ дар интихобот хеле кам аст. Илова бар ин, барқия оид ба блокадаи иқтисодӣ, ки ба он Давлат Худоназаров ҳам имзо монда буд, рейтингашро хеле паст кард. Далели овардан дар бораи он, ки ин як навъ механизми муборизаи сиёсӣ аст, боварибахш нест. То имрўз ягон сиёсатмадори андаке машҳур ба давлати ҳамсоя муроҷиат накардааст, ки халқи маро ба блокада гирифтор кунед. Ҳатто вақте бо қарори Созмони Милали Муттаҳид Ироқ ба блокадаи иқтисодӣ дучор шуд, як қатор давлатҳо онро дастгирӣ накарданд.
Ин бисёр чораи сахт аст ва аз матбуот бохабар шудем, ки чӣ қадар пиронсолону кўдакон аз гуруснагию нарасидани дорувор ҳалок шуданд.
Яъне, номзад ба вазифаи Раиси ҷумҳур Давлат Худоназаров бо кадом роҳу василае набошад, тайёр аст, ки ба сари ҳокимият ояд. Шахсан ман ба чунин номзад ҳеҷ гоҳ овозамро намедиҳам.
Оппозитсия ҳис мекунад, ки дар интихобот ба нокомӣ дучор меояд. Боздошти фаъолияти ҳизби коммунист бар хилофи чашмдошт аъзои он ва тарафдоронашонро муттаҳид кард. Аксари аҳолии Тоҷикистон, ҳам коргару ҳам деҳқон, ҳам зиёию ҳам донишҷў ва дигарон ҷонибдори номзад ба вазифаи Раиси ҷумҳур Раҳмон Набиев гаштанд.

пешина
аз 601
навбатӣ