БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

пеш истиқбол намеёфтанд, оммавӣ кард, яъне фарҳанги замони ҷадид ба куллӣ тағйир хӯрду бараҳнагии маънавӣ мунташир шуда, марзҳои адабро мунҳасир сохт. Матлаби “марги Худо” маҷозист ва Худо ҳадафи зиндагӣ маҳсуб мешавад, ки бо даргузашти ӯ ҳаёти инсон дигар маънӣ надорад. Дар постмодернизм мафҳуми Худо намоде аз ҳузури иллати ҷомеаи ниҳоят аст ва истиораи марги Худо ба тартиб радди идеяи иллати хориҷӣ маҳсуб мешавад. Таносуби бархурд ва ҳамгироии муосирро дар ҷомеаҳои ғарбӣ Фуко чунин тасвир мекунад: “Ман комилан аз ин воқеият огоҳ ҳастам, ки номуайянии хосе дар тарҳи ироашуда нуфуз мекунад. Ин хатар вуҷуд дорад, ки ин номуайянии мутасаввир дар зеҳни башар бояд ҳамаҷониба таҳқиқ шавад. Садҳо маротиб қаблан такрор кардаам, ки таърихи ҷомеаҳои ғарбӣ дар садсолаҳои ахир қудратҳои ғайри мустабидро нишон медиҳанд. Ман суханронии хешро ба гунае сохтор додам, ки ин мафҳумро аз бозӣ истинбот кунам, дар ҳоле ки вонамуд кардам дар мавриди интиқоде, ки дар ҷойҳои дигар анҷом мешавад, чизе намедонам” [95, 179].
Ҷомеаҳои ғарбӣ дар даврони модерн ва постмодерн ғолибан ба интиқоди хирад иштиғол доштанд ва маҳз нақди ақлонӣ онҳоро рушд бахшид, аммо зуҳури афроди интеллектуал, ки дар кишварҳои Шарқ таҳти унвони рушанфикр дарк мегардад, пояҳои устуворе аз пешиниён дошт, чунки дар кишварҳои Ғарб аз аввал фикр бо воқеият пайваст буд ва ҳеҷ суханваре зимни баёни андеша дар осмон муаллақ набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё