БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Муосириятро ба унвони як модел барои раванди тавсеаёбии иҷтимоӣ алайҳи заминаҳои таърихии ақлгароии ғарбӣ донист. Бинобар ин, ҷараёни муосирият дигар ба унвони ақлоният талаққӣ намешавад”95. Хабермас зимни баррасии муосирият пояҳои асосии замони навро дар осори фалсафии аҳди классикӣ чун Ҳегел, Вебер ва Нитше ҷустуҷӯ карда, ҷиҳати таносуби дидгоҳҳои мутафаккирони гузашта нисбат ба муосирият изҳори андеша менамояд. Ба қавли Хабермас: “Ҳегел аввалин касе буд, ки раванди озодии замони навро ба сатҳи як мушкили фалсафӣ расонид. Мудерн аз таъсири илҳомбахши аксуламали хориҷӣ худогоҳии навинро дар бар гирифту дар мушкилиҳо ончунон номаълум монд, ки Ҳегел бо дарк намудани авзоъ ва вижагиҳои хоси муосирият ба унвони мушкили фалсафӣ метавонист иктифо карда, онро аз зумраи номафҳумии таълимоти
Ҳамон ҷо, с. 10.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё