Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

1.2. Консепсияи ҷомеаи модерн ва тарҳи ҳувияти
фарҳангии он аз дидгоҳи ҷомеашиносӣ

Таҳлили баъзе мафҳумҳои муосири ҳувияти фарҳангӣ ба се равиши асосӣ (тамаддунӣ, инфиродӣ, ҷомеашиносӣ) гурӯҳбандӣ шудаанд.
Равишҳои мазкур ҳамдигарро таъсиргузорӣ намуда, боиси тақвият ёфтани ҳар сеи равиш мешаванд. Омили асосии бо ҳам пайвастани онҳо мавзуи воҳид маҳсуб мешавад. Мушкили ҳувияти фарҳангӣ ҳамеша мубрам буд ва боқӣ мемонад, зеро вижагиҳои ҳувияти фарҳангӣ ва иртиботи онҳо ба гурӯҳҳо ва афрод хос буда, ҳамеша як далели раднопазир баррасӣ ёфтааст. Тафовутҳои фарҳангӣ ва гуногунии онҳо ногузир боиси пайдоиши баҳодиҳии мухталифи дидгоҳӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, ҳангоми омӯзиши муфассали проблемаи ҳуввияти фарҳангӣ бояд таҳлили ҳамаҷониба ва амиқи баъзе мафҳумҳои ҳуввияти фарҳангӣ, ки ба назари мо бештар таваҷҷуҳ доранд, зарур аст. Ҳувият дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ пайваста тағйир меёбад. Мушкилии ҳувият дар ин раванд таъини мавқеи худ дар фазои иқтисодии фаромиллиро дар бар мегирад.
Ҷаҳонишавӣ қавитарин имтиҳони ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ буда, василаи асосии рафъи он муколамаи фарҳангҳост. Аммо ин дар заминаи буҳрони ҳувият ва дарки ҷомеаҳои мухталиф омӯхта шуда, боиси пайдо шудани дидгоҳҳои гуногун хоҳад шуд.

пешина
аз 303
навбатӣ