БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Аз ин иқтибос чунин бармеояд, ки табиат бо дарназардошти таззод тавлидкор аст ва рушди ҷаҳонбинӣ пазируфтани тафовутест, ки аз табиат ба ҷамъият мегузарад, вагарна ҳеҷ махлуқе ба худии худ мавҷуд нест, агар ин нобаробариҳо барои ӯ мутафовит бошад.
Гузашта аз ин, қонуни кашиш новобаста аз хоҳишҳои мо вуҷуд дорад ва тибқи онҳо эҳсосҳои ҳамаи махлуқот муштарак мебошанд. Пас инсон бинобар талаботи биолужии хеш дорои ҳувиятест, ки қабл аз ҳама ба ирс ва абнои ҷинси ӯ, тафаккур, фарҳанг ва тамаддун тааллуқ дошта, ормонҳоеро тавлид менамояд, ки хоси ҷаҳонбинии ӯст. Аз ҳамин лиҳоз, яке аз авомили инҳитоти маънавии тоҷикон дар гузашта ва имрӯз инкори ҷаҳонбинии илмист, ки ин тамоил заминаҳои таассуби динӣ доранд.
Зигмунт Бауман ба раванди ҷаҳонишавӣ нигоҳи дигаре пешниҳод кардааст. Номбурда паёмадҳои раванди мазкурро барои ҷомеа ва инсон чунин матраҳ месозад: “Оё мо универсалӣ ҳастем ё моро ҷаҳонӣ мекунанд? Ин эҳсоси нороҳаткунанда аст, ки ҳама чизи хориҷ аз контрулро намепазирад. Амиқтарин мафҳуми ҷаҳонишавӣ номаҳдуд, ғайри қобили контрул ва мустақил мебошад. Ҷаҳонишавӣ бенизомии ҷаҳони муосир аст”88.
88 Бауман З. Глобализация. Последствия для человека и общества. – М.:
Логос, 2004, - с. 35.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё