Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

ҳукмфармоӣ дошт, мунағғас кард ва дар зимни кӯшише, ки барои беҳтар кардани сурати баёнии ин асли мавзуъ ба кор бурд, ба зарурати тарк кардани макони маҳсус мутаваҷҷеҳ шуд. Ба ин тартиб шолудае, ки албатта норасо барои наҳзати фазои ғайриуқлидусӣ ё фавқи фазои асри ҳозир фароҳам сохт. Берунӣ дар таваҷҷуҳ ба чизе, ки дар риёзиёти ҷадид исми "тобеъ" ба он медиҳанд, аз лиҳози илмии маҳз ба адами кифояти назари истон дар бораи ҷаҳон доштан таваҷҷуҳ пайдо кард. Ин низ инҳирофе аз андешаи юнонӣ буд. Мафҳуми "тобеъ" унсури замонро дар тасвире, ки аз ҷаҳон месозем, ворид мекунад. Чунин назаре "собит"-ро ба сурати мутағайир дар меоварад ва ҷаҳонро на ҳамчун ҳастӣ, балки ҳамчун ҳудус ва таквин менигарад.
Шпенглер чунин мепиндорад, ки андешаи риёзии тобеъ аломати мушаххаси Мағрибзамин аст ва ҳеҷ фарҳанги дигар ҳатто ишорае ҳам ба он накардааст. Иддаои Шпенглер дар мавриди таъмими Берунӣ аз формули дарунёбии Нюттон аз тавобеи мусаласотӣ ва татбиқи он ба ҳар навъи тобеи дигар албатта дуруст нест. Табдили мафҳуми адад аз камияти маҳз ба нисбати маҳз дар воқеъ бо таваҷҷуҳи Хоразмӣ аз илми ҳисоб ба илми ҷабр оғоз шудааст. Берунӣ гоми асосӣ ба тарафи амре бардошт, ки Шпенглер онро ба унвони афроди замонӣ васф карда, ва дар воқеъ интиқоли зеҳнро аз вуҷуд ба ҳудус ва таквин намоиш медиҳад.

пешина
аз 303
навбатӣ