Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Донишгоҳҳои аврупоӣ интиқол медиҳанд. Ҳамаи
ин тибқи андешаронии Бек талаботи
ҷаҳонишавист86. Ҷаҳонишавӣ бинобар андешаи
Улрих Бек диалектикии ғайримутамарказ аст ва
раванде, ки дар он глобалӣ ва маҳаллӣ ҳамчун
зиддияти фарҳангӣ вуҷуд надоранд, балки
ҳамчун принсипҳои ба ҳам алоқаманд, ки
ҳамдигарро дар назар доранд. Аммо ҳазор сол
муқаддам ниёгони мо ҷиҳати пажӯҳиши улуми
дақиқ чун ҳандаса, ҳисоб, тиб, риёзиёт, кимиё,
ҳайъат ва амсолашон камари ҳиммат барбаста,
осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд, ки фақат
номҳои Хоразмӣ, Берунӣ, Тусӣ, Розӣ ва Бӯалии
Синоро ин ҷо ёдрас намудан кифоя аст. Лек
бобати нақши онҳо дар улуми дақиқ иқтибосе аз
Иқболи Лоҳурӣ меорем, ки номбурда
фориғуттаҳсили Донишгоҳҳои Ғарб буду
ҳадалимкон аз ҷараёни таҳмилии понисломизм
пайравӣ мекард ва бешубҳа яке аз мубаллиғини
илму дини муосир дониста шудааст. Инак он
иқтибос: "Бояд ба хотир дошт, ки дар риёзиёт аз
замони Батлимиюс (165-87) то замони Хоҷа
Насируддини Тусӣ ҳеҷ кас ба ҷидд дар
душвориҳои исботи қатъияти асли мавзуи ду
хатти мутавозии Уқлидус (Эвклид) бар макони
махсус наяндешида буд. Тусӣ пас аз ҳазор сол
оромишу итминони хотиреро, ки бар риёзиёт

Ҳамон ҷо, с. 18.

пешина
аз 303
навбатӣ