БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

бар рӯйи Замин аз тариқи як қудрати воҳид эҷод мекунад, ки ҳамаро аз ҳар марказ таҳти султаи худ дармеоварад. Ин қудрат бар хушунат устувор хоҳад монд. Назми ҷаҳонӣ як ваҳдат бидуни як қудрати воҳид аст”84.
Улрих Бек дар рисолае бо номи “Чи чизест ҷаҳонишавӣ? Иштибоҳоти ҷаҳонӣ шудан – посух ба ҷаҳонишавӣ” раванди ҷаҳони шуданро идеологияи қудратҳои ҷаҳонӣ меномад: “Ман ҷаҳонишавиро дар мафҳуме дарк мекунам, ки бозори ҷаҳонӣ фаъолияти сиёсиро ҷобаҷо карда, онро ҷойгузин месозад. Барои ман ин идеолужӣ тасаллут бар бозори ҷаҳонист. Ин барнома бар асоси як асли ғайри иқтисодӣ амал мекунад.
Чандбуъдӣ шудани ҷаҳонишавиро танҳо ба як буъди иқтисодӣ коҳиш дода, ба сурати хатте аз қабили экологӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҷомеавӣ-тамаддунӣ фақат мавриди таваҷҷуҳ қарор додани онҳо дар зери абъоди ғолиби бозори ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад”85. Гузашта аз ин, номбурда ибораи “сармоядорӣ бидуни кор” – ро истифода карда, раҳбарони ширкатҳои фаромиллиро намуна меорад, ки бинобар дар вазъи нобаҳангом қарор гирифтани ширкатҳо фарзандони худро ҷиҳати таҳсил ба беҳтарин
84 Ясперс К. Смысл и назначение истории, - М.: Политиздат, 1991, - с.
316.
85 Бек У. Что такое глобализация? Ошибки глобализма – ответы на глобализацию, - М.: Пргресс-Традиция, 2001, - 304 с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё