БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Ва пас аз понздаҳ садсола дар асри XIX файласуфони аврупоӣ як консепсияи гуногуни худшиносӣ пешкаш карданд. Он ба ду ғоя асос ёфта буд. Аввалин аз ҷониби Руссо: ҳуқуқи мардум ба мавзуи асосии сиёсат. Дуввумро назариётчиёни миллатгароии олмонӣ ва англисӣ - Ҳегел, Гизот, Бокл ва дигарон таҳия кардаанд: табиати миллатҳо ғайримантиқӣ аст, онро бо ягонагии забон, хун ва анъанаҳои фарҳангӣ муайян мекунанд.
Дидгоҳи махсусро Бринк Линдси изҳор доштааст. Мавсуф алорағми ҷонибдорону мухолифини ҷаҳонишавӣ ба хулосае меояд, ки як садсола пеш дастовардҳои ин раванд истиқбол мешуданд. Ӯ дар китоби “Ҷаҳонишавӣ: такрори гузашта. Номушаххасии ояндаи сармоядории ҷаҳонӣ” чунин менависад: “Истилоҳи “ҷаҳонишавӣ” алҳол муд шудааст, аммо мафҳуми мутазаккир қадимист. Воқеият ин аст, ки ҷаҳонишавӣ ҳарчанд бо номҳои мухталиф як садсола пеш мустаъмал будааст. Ҳатто дастовардҳои ӯ дар робита бо андозаҳои имрӯз қобили таваҷҷуҳ буд”83. Ба қавли Ясперс, ваҳдати ҷаҳонӣ бидуни қудрати воҳид хоҳад буд, вагарна бозгашти башар ба ғуломдорӣ аз эътимод дур нест: “Имперотурии ҷаҳонӣ сулҳро
83 Линдси Б. Глобализация: повторение пройденного. Неопределенное будущее глобального капитализма, - М.: Интермедиатор, 2005, - с. 57.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё