БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Пешрафти ҷадиди риёзиёти урупоӣ бештар дар ин ҷиҳат аст, ки хусусияти таърихии зиндаи замонро аз он ҳазф кунад ва онро ба сурати намоиши маҳзе аз фазо нишон диҳад. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки назари Уайтхед дар бораи нисбият беш аз назарияи нисбияти Эйнштейн муҳаққиқони исломиро ба худ ҷалб намудаанд. Чи дар назарияи Эйнштейн замон хусусияти гузаро буданро аз даст медиҳад ва ба сурати асроромез ба фазои комил интиқол пайдо мекунад"87.
Илми муосир ин ки мегӯем: фалон ихтироотро мусалмон ё худ масеҳӣ анҷом додааст, қабул надорад, чунки илм маводе нест, ки танҳо ба як гурӯҳи одамон тааллуқ дошта, аксари онҳо ба илм дастнорас бошанд. Илм барои инсон ва аз хотири беҳтар зистани ӯст ва ҷаҳонбинии илмӣ инсонро аз доми таассуб мераҳонад. Тибқи мушоҳидаҳои ҷомеашинеоси араб Ибни Халдун, илм истеъдоду қобилиятҳои инсонист, ки ҳамеша ба омӯхтан ниёз дорад, аммо илмро ғолибан, пешае ҷиҳати касби рӯзӣ сохтаанд ва бавижа дар замони муосир ин андеша исбот мегардад. Рушди тафаккури техникӣ бошад, таъмин намудани амнияти инфиродист, чунки агар инсони муосир донишҳои техникии заиф дошта бошад, ӯро суиистифода кардан осонтар аст ва тавассути
Иқбол М. Эҳёи фикри динӣ дар ислом, - с. 177.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё