Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Мавсуф бо истифода аз ҳақиқати парчамдории бархе аз кишварҳои славянӣ ҷиҳати тағйирёбии ҳувиятҳои фарҳангӣ иктифо намуда, дар оғози рисола ба матраҳсозии шаклгирии намодҳои фарҳангӣ мепардозад: “Дар ҷаҳони пас аз ҷанги сард парчамҳо монанди соири намодҳои фарҳангӣ чун ҳувиятҳо, ҳатто салибдориву кулаҳгузорӣ дорои муҳтавое ҳастанд, зеро фарҳанг аҳамияте ногуфтанист ва барои ағлаб инсонҳо ҳувияти фарҳангӣ аз зумраи муҳимтарини аносир маҳсуб мешавад”.
Ҷомеашиноси амрикоӣ беш аз пеш ба таҳқиқи тамаддунҳо пардохта, ихтилофу ҳасосияти бадбиниро дар миёни милали соҳибтамаддун аз авомили низоъҳо ва даргириҳои асосии ҳазорсолаи савум баррасӣ мекунад: “Дар ин дунёи ҷадид бузургтарин, муҳимтарин ва хатарноктарин даргириҳо байни табақоти иҷтимоӣ, фақиру ғанӣ ва байни мардуми бо ҳувиятҳои фарҳангии мутафовит рух нахоҳад дод. Ҷангҳои қабилавиву қавмӣ, даргириҳо ва бурузи хушунат байни кишварҳои дорои тамаддунҳои мухталиф ба вуқуъ мепайванданд”. Муаллиф тамаддунҳоро воҳиди аслии таҳлили равобити байналмилалӣ арзёбӣ мекунад. Мақсуд аз тамаддун низ як мавҷудоти фарҳангист, аммо тамаддун ҳам бо таваҷҷуҳ ба аносири айнии муштарак таъриф мешавад ва ҳам бо таваҷҷуҳ бо вобастагиҳо ва қаробатҳои зеҳнию дарунии инсонҳо. Ҳантингтон пас аз таърифи тамаддун ишора мекунад, ки бо афзоиши рӯзафзуни ҳувияти тамаддунҳо симои ояндаи ҷаҳон бар асоси куниш ва вокуниш байни тамаддунҳои аслӣ шакл хоҳад гирифт. Баррасии ин тамаддунҳо, ки донишманд дар пояи амрикогироӣ анҷом додааст, бештар шабеҳи муқовимат байни қудратҳост, аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро тибқи андешарониҳои Ҳантингтон тамаддунҳо бо якдигар бархурд хоҳанд кард? Ӯ мегӯяд: “Дар оянда қобили пешбинӣ ҳеҷ тамаддуни ҷаҳонгире вуҷуд нахоҳад дошт, балки дунё бо тамаддунҳои гуногуне хоҳад буд, ки ҳар як ногузир аст ҳамзистӣ бо дигаронро биомӯзад”. Аз дидгоҳи Ҳантингтон ғарбиён қавитарин тамаддунро офариданд ва ин тамаддун боз солҳои минбаъда низ мавқеи бартариро аз соири тамадунҳо нигаҳ медорад.

пешина
аз 303
навбатӣ