Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

бенизомӣ ва бетартибиҳо ҳукумат карда, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пояи низоъ гӯё рушд мекунад.
Чунончи, марзи Афғонистон бо дарназардошти ғасб гардидани он аз ҷониби террористон мавсум ба Толибон аз зумраи дахлварзиҳоест, ки қудратҳои ҷаҳонӣ баҳри манофеи геополитикии худ ин саҳнаи сиёсиро эҷод менамоянд.
Сиёсисозии дин дар замони муосир идомаи ҳамон ҷанги сардест, ки феълан ба набарди иттилоотӣ ва ё ин ки таҳоҷуми хабарӣ табдил ёфтааст. Аммо таҳоҷуми хабарӣ ҷиҳати дигаргун сохтани низоми сиёсӣ ниёз ба тафаккуре дорад, ки дар як давлат не, балки дар ҳамаи давлатҳо амалан татбиқ шавад. Дидгоҳи Освалд Шпенглер ба масоили ҷаҳонишавӣ аҷиб аст, чунки номбурда назар ба тамаддун, бештар ба фарҳанг эътимод дорад. Дар китобе бо номи “Ғуруби Аврупо” тазаккур медиҳад, ки Ғарб барои ҳамаи фарҳангҳо чун марказ пазируфта шудааст:
“Камина ин тарҳро барои урупоиён номоварӣ хоҳам кард, ки бар асоси он ҳамаи фарҳангҳои олӣ роҳи худро дар атрофи мо ба унвони маркази кулли ҷаҳон қарор медиҳанд”.
Самюэл Ҳантингтон дар соли 1993 мақолае бо унвонии мутазаккир дар маҷаллаи “Foreigh Affairs” мунташир сохта, онҷо мушкилиҳои глобалии ҷаҳониёнро ифшо мекунад. Пас аз се сол Ҳантингтон асарро дар шакли китоб нашр намуда, дар илми ҷомеашиносӣ инқилоб менамояд.

пешина
аз 303
навбатӣ