БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Дар воқеъ, ҳиҷрат ва низоми муроқибату бозгашт аз омилҳои рушди маънавии инсон пазируфта мешаванд ва дар миёни тамадунҳову фарҳангҳо фақат ҳамоне ғолиб аст, ки ин системро аз сар гузаронидааст.
Ҳантингтон низ фарҳанги амрикоиро бо хислатҳои муҳоҷиратии он тавсиф карда ба худ суол медиҳад, ки чаро амрикоиҳо зуд – зуд аз як мавзеъ ба мавзеи дигар ҳиҷрат менамоянд? Ба ибораи дигар муҳаққиқини амрикоӣ бо истифода аз дин мехоҳанд дар кишварҳои ҷаҳони савум манфиатҳои хешро роҳандозӣ кунанд ва барои расидан ба ин ҳадаф онҳо бо ҳар роҳу восита ба таблиғи ҷаҳонбинии динӣ мепардозанд, чунки аз таҷрибаи Ғарб хеле хуб медонанд, ки омили пасрафти миллате ё давлате барпо кардани ҳукумати афродест, ки дар дини хеш басе мутаассиб ҷилвагар ҳастанд.
Ҷоиз ба тазаккур аст, ки айни ҳол дар сароғози садаи нави масеҳӣ ҷангҳои салибӣ таҳти ихтилофоти мазоҳиби исломӣ ҷараён гирифта, дар ҳудуди кишварҳое, ки шаҳрвандонашон ғолибан мусалмонон маҳсуб мешаванд, андешаҳои таҳмилӣ бо ниқоби ислом роҳандозӣ мегарданд. Бинобар ин, дар ҳамаи кишварҳое, ки аҳолии онҳоро мусалмонон ташкил мекунанд,
73
Тойнби А. Постижение истории (сборник), - М.: Рольф, 2001, - с. 316.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё