Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

кишварҳое, ки аҳолии онҳо аксар оритабор
мебошанд, фарқ мекунанд ва чунин тасодумро
дидаву боз Шарқро бо як фарҳангу тамаддун
баррасӣ намудан қобили қабул намебошад. Агар
гӯем, ки дар таърихи башар асосан ду тарзи
тафаккур дар мисоли ориёӣ ва сомӣ бо якдигар
бархурд доштаанд, саҳеҳтар мебуд. Ин ду тарзи
тафаккур новобоста аз қитъаҳо аз ҳастии хеш
дарак додаанд ва дар садсолаҳои охир фикри
сомӣ, ки дар оянда бо вожаи “раҳбонӣ” баррасӣ
хоҳем кард, дар Ғарб ба унвони наҳзати
“массонизм” ва фирқаи ихтифоӣ арзи ҳастӣ
намудааст. Чунки тафаккури сомӣ раҳбонӣ буду
тарзи андешаи ориёӣ дар пояи дунявият баррасӣ
меёфт ва тафовути онҳо дар ҳамин вижагиҳо
маҳсуб мешавад. Дигар омили рушди тамаддунҳо
аз дидгоҳи Тойнби марҳилае таҳти унвони
“муроқибат ва бозгашт” аст ва барои исботи ин
фикр муаллиф номҳои бисёреро аз зумраи Буддо,
Конфутсий, Муҳаммад, Ибни Халдун,
Макиавелли ва дигарон мутазаккир мешавад, ки
дар ин марҳила қарор дошта, оқибат номовар
шудаанд: “Рушди тамаддун ин гомгузории
марҳилавист, на пешрафти иҷтимоиву қадаме ба
пеш ниҳодан, балки гурез аст ва лаҳзаҳое ба
вуқӯъ мепайвандад, ки ҳамзамон бо ду по аз
замин баланд мешавед. Таърих намунаеро
медонад, ки аққалияти эҷодкор дар посух вориди
марҳилаи ҷадиде аз муроқибату бозгашт мешавад ба чолиши ҷадид қабл аз ин ки системи иҷтимоӣ вақт дошта бошад”73.

пешина
аз 303
навбатӣ