Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Бинобар пайдо шудани рақобат ва дар ин замина татбиқ ёфтани бархурди онҳо муҳаққиқи амрикоиро ба хулосае меорад, ки агар ағлаб тамаддунҳо бо Ғарб ҳамоҳангӣ дошта, нусхабардори он бошанд, аммо боз ду тамаддуне низ ҳастанд, ки бо Ғарб муқовимат хоҳанд кард:
“Ғарб солҳост, ки қавитарин тамаддун аст ва солиёни дароз ҳамонҷурӣ хоҳад монд. Бо ин аҳвол қудрати он дар робита бо тамаддунҳои дигар дар ҳоли коҳиш қарор дорад, дар ҳоле ки чигуна Ғарб сайъ мекунад арзишҳои худро тайъид кунад ва манофеи хешро дар ҷомеаҳои ғайриғарбӣ дифоъ бинмояд, ки бархе аз онҳо дар рӯ ба рӯи интихоб ва бархеи дигар дар ҳоли тақлид аз Ғарб ҷиҳати пайвастан ба он ва гурӯҳи дигар дар ҳоли идғом бо ин тамаддун ҳастанд.
Ҷавомеъи дигар, ки конфутсиёӣ ва исломӣ мебошанд, ҷиҳати тақвияти қудрати иқтисодӣ ва низомии худ барои муқобила бо Ғарб ба дунболи он ҳастанд. Бинобар ин, меҳвари аслии сиёсат дар замони муосир пас аз итмоми ҷанги сард тавозуни қудрат ва таъомули сиёсии тамаддунҳои ғарбӣ ва ғайриғарбӣ маҳсуб мешаванд”.
Самюэл Ҳантингтон дар китоби худ вожаи «тамаддун» -ро чунин шарҳ медиҳад: “Тамаддун васеътарин ҷомеаи фарҳангист. Тамаддун гурӯҳбандии васеи фарҳангии одамон ва доираи васеи ҳувияти фарҳангии онҳоро ифода мекунад - ба истиснои он, ки одамонро аз мавҷудоти зинда фарқ мекунад.

пешина
аз 303
навбатӣ