БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

ҳувият ин эътиқод буда метавонад, ки ҳеҷ
ҳувияти собит абадан вуҷуд надорад. Дар ҷаҳони
Ғарб ақидаи “нохудогоҳ” тавассути Фрейд
роҳандозӣ шуд. Ба қавли ӯ, ҳувият бар асоси
равиши равонӣ шакл мегирад, ки истилоҳан ба
он нохудогоҳ номгузорӣ шудааст. Бинобар ин,
ҳувият бахше аз огоҳӣ нест, ки аз замони тавлид
дар мо шакл мегирад, балки маҳсули фаъолияти
нохудогоҳ аст. Ҳувият як фазои пуршудаи қаблӣ
дар даруни шахсият нест, балки як падидаи ноқис
аст, ки доимо зимни муроҷиат ба берун пур
мешавад. Мо бар дигарон тамаркуз мекунем ва
ҳар ончиро, ки аз афроди дигар дарк мекунем, аз
худ ба дигарон вогузор месозем. Аввал ин ки
ҳувият мутаноқиз аст. Сонӣ, ҳеҷ ҳувияти аслии
воҳиде вуҷуд надорад, ки ҳувиятҳои мухталифро
таъмин дода ва тобеи он қарор бигирад. Ба
унвони мисол, аз назари силсиламаротиби
робитаҳои инсонӣ барои як фард ҳеҷ ҳувияте
мутобиқ бо мавқеияти иҷтимоии ӯ вуҷуд
надорад. Сеюм, дар ҷаҳони мудерн ҳувияти
мутамарказ бар мавқеияти иҷтимоӣ дар ҳоли
нобудист ва бо зуҳури феменизм ҳувиятҳои
ҷадиде дар арсаи сиёсат зоҳир шуд. Чаҳорум,
омезиши фарҳанг бо сиёсат ҳувияти мубтанӣ бар
тафовутро ба вуҷуд меорад. Нигоҳи аксар
муҳаққиқин ба назарсанҷиҳои асабпизишк ва
равоншинос Зигмунд Фрейд интиқодист ва ба
вижа ба андешаи ин ки инсони хурд бояд ҳувияти ҷинсиро биомӯзад, чунонки дар ин маврид мавсуф ба Эдип муроҷиат мекунад, боиси инкори тафаккур ва тарзи баёни ӯ шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё