БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Махсусан, Иқболи Лоҳурӣ бинобар бархурд бо ӯ чунин менигорад: “Дар давоми маҳз зистан “худ” будан аст ва “худ” будан қобилияти гуфтани “ман ҳастам” доштан аст. Дараҷаи ишроқии “ман ҳастам” аст, ки мақоми як шайъро дар силсилаи маротиби ашё муайян мекунад. Мо низ мегӯем, ки “ман ҳастам”. Мани “ман ҳастам” – и мо табъӣ аст ва аз тамоюзи миёни худ ва нохуд бармехезад”56. Агар Иқболи Лоҳуриро чун инсони воқиф аз улуми табиатшиносии муосир ба худаш пиндорем, бархе аз вокунишҳояш ҷиҳати ақоиди бидуни парда иншошудаи Фрейд мубҳам боқӣ мемонад, вале агар ба Иқбол тибқи тасаввур ва тафаккури динӣ наздик шавем, бархе аз дидгоҳҳояш аҳамияти хешро тағйир медиҳанд, чунки андешаи ин ки тамаддунҳо мутафоввит ҳастанд, алҳол кӯҳна шудааст ва пешниҳоди дифоъ аз хатари рушдкарда ё худ таҳмили ин ақида, ки яке бар дигарӣ бартарӣ дорад, дар ҷаҳони имрӯз ғайри ақлӣ маҳсуб мешаванд.
Пажӯҳиш воҳидтарин роҳи дастрас ва дастнорас будан аст, ки имкон медиҳад инсонро то ҷиҳати ангезаҳои дарунӣ дарк намояд. Ба қавли Иқбол:
“Агар хушбахтии Ман дар зиндагӣ барои шахси
Иқбол М. Эҳёи фикри динӣ дар ислом, - с. 84.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё