БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

аст. Ва падид омадааст, ки ҳеҷ чиз хуштар аз маонӣ маъқул нест. Ва зоҳир шудааст пештар, ки маҳсус чандон хушӣ надорад, ки маъқул, балки варо ба вай қиёс нест”188. Яъне, ба таъбири Шайхурраис Бӯалии Сино, эҳсос қобили қиёс бо ақлро нашояд ва дарки маънӣ бештар ба ақл иртибот дорад, на бар нафс, дар ҳоле ки кулли амр ба маъруфкунандагон нафси одамиро василаи худошиносӣ пиндошта, фақат ба ҳадис иктифо мекунанд, ки тибқи пиндорҳои илмӣ ба эътимод созгор нест. Масалан, шиносои Бӯалӣ ҳастед ва ҳамчунин, медонед, ки варо дар ҷаҳон чун мутафаккир қабул доштаанд. Гузашта аз ин, ба ақли шумо дастрас шудааст, ки теъдоди муайяни рисолаҳои ӯро бидонед, аммо донистани ин ки Ибни Сино кадом рисолаҳоро навиштааст ва надонистани маънии матолибе, ки дар рисолаҳои таълифкардаи донотарин инсон дар таърихи тамаддуни башар баррасӣ ёфтаанд, танҳо ошноисту ҳеҷ равобите ба дарки матолиби ифшошуда пайдо намекунад. Пас ин ки мо мегӯем: ғолибан аз муҳтаво бохабар ҳастем, сухане бас фоҳиш ва мутаноқиз аст ва ҳақиқати табиати инсониро намепазирад. Чун ҳарфҳо бо табиати инсон бархурд мекунанд, нишона аз ғафлат аст, ки адами худогоҳӣ маҳсуб мешавад.
188 Абӯалӣ ибни Сино. Осор (иборат аз 15 ҷилд), Ҷилди 1, - Душанбе:
Дониш, 2005, - с. 440.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо