БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

сиҳати худ боқӣ намемонад”186. Афкор ва тарзи тафаккури Абӯалӣ ибни Сино агар дар аксар осори фалсафии ӯ натиҷаи тарҷима аз забони ғайр маҳсуб шавад, аммо дар рисолаи “Донишномаи Алоӣ” бештар бо вожаҳое вомехӯрем, ки асли паҳлавӣ доранд, чунки асари мазкур бо забони ноби тоҷикӣ нигошта шуда, агар мушкил зимни интишори он пайдо шуда бошад, пас мушкили баргардонӣ маҳсуб мешавад. Он ҷо шинохту идрокро андарёфт мебинем ва бамаврид аст, ки танро фақат ақл андарёфта ва сурат дар маънӣ инъикос мешавад:
“Агар қуввати андарёфтанро олате бувад аз олатҳои ҷисмонӣ ё ӯро андарёбад, ё андарнаёбад.
Валекин андар тани мо ҳеҷ чиз нест, ки ақл ӯро андар натавонад ёфт. Ва чун андарёбадаш шак нест, ки сураташ ва маънияшро бипазирад”187.
Аммо дар идомаи он мубоҳиса, ки Ибни Сино дар “Донишнома” матраҳ карда, таносуби ақлу нафс ва ҳис мушоҳида мегардад, лекин мутафаккир чунонки иброз медорад, ҳеҷ маъқулро хуштар аз маонӣ дарнаёфтааст: “Ва пайдо омадааст, ки хушии ҳар қуввате андарёфти вай аст, мар он чиро, ки вай ба табъ пазирои вай
186
Абӯалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб (иборат аз 10 ҷилд), Ҷилди 4, -
Душанбе: Ирфон, 1992, - с. 183.
187 Абӯалӣ ибни Сино. Осор (иборат аз 15 ҷилд), Ҷилди 1, - Душанбе:
Дониш, 2005, - с. 338.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо