БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

қилу қол анҷом меёбад. Суоли матраҳ низ иборат
аз ин аст ки инсон чун ҷонвари гӯё магар аз
соири ҷонварон мутафовит аст? Ва бо
дарназардошти равиши фалсафии Ибни Сино
посух мегирем: на дар ҳамаи мавридҳо, яъне
ҳастанд инсонҳое, ки дараҷаи худогоҳии онҳо
баробар бо сутурон аст. Бо дарназардошти
инчунин вижагиҳои худогоҳӣ Шайхурраис
худогоҳии ҳайвонро низ баррасӣ кардааст ва то
кунун ин андеша, ки муҳтавои он аксариятро аз
худогоҳии инфиродӣ маҳрум сохта, онҳоро дар
як саф бо ҷонварон мегузорад, тарвиҷ ёфта, дар
зеҳни пиру барно ғолиб омадааст. Ин ки мо
аксар афроди ҷомеаро маҳрум аз худогоҳӣ
мебинем, ба заъфи идроки минбаъдаи миллат
мусоидат мекунад ва намегузорад, ки бештарини
мо ба таҳқиқи худ пардозанд ва “онҳо”, ки худро
аз “мо” бартар медонанд, бо чунин матраҳёбии
раванди худогоҳии миллӣ хушҳол мешаванд,
чунки моро онҳо ғайри худ пиндоштаанд ва
тавассути мо онҳо ба дарки худ дастрасӣ
меёбанд. Ин аз як ҷониб таҳқиқ мешавад, аммо
аз ҷониби дигар бояд мутазаккир шуд, ки
мутлақбаёнӣ зимни баррасӣ ва пажӯҳиши осори
Ибни Сино густариши дарки осори фалсафии
мутафаккирро барҳам мезанад, бавижа, ҳангоме
ки мо бидуни таҳқиқ ва дар заминаи
мутлақбаёнии афрод ба Бӯалии Сино наздик
мешавем ва ӯро бинобар андешаи басе тақвиятёфтаи дигарон пайрави Арасту мебинем, дар ҳоле ки Ибни Сино аз ҳеҷ касе ва маохизе пайравӣ нанамудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо