БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

намешавад. Вазъе нест, ки бартар бошад, ки дар вуҷуд аз вазъи дигар барояд, магар ба сабаби мухассис, ки он ваҳми муассир аст”181.
Ибни Сино қудратро дар дарки худ дар чандин вазъ матраҳ намуда, бешак ҷиҳати баррасии сатҳи худогоҳии ом низ таваққуф намудааст. Аз ҷумла, дар “Китоби Шифо” зимни баррасии ин вижагиҳо менависад: “Ва мардум дар шинохти тобеи омма ва аҷнос ҳама монанди якдигаранд. Ва тафовути онҳо дар ин аст, ки баъзе аз эшон ба анвоъ мерасанд ва онҳоро мешиносанду дар тафсили онҳо ворид мешаванд ва баъзе дар аҷнос мемонанд. Чунонки масалан, баъзе фақат дар ҳайвонияти мутлақ шиносо мешаванд ва баъзе ба шинохти инсону асб ва ғайра низ ноил мегарданд. Ва чун шиносоӣ ба табоеъи анвоъ расид, баҳс тамом мешавад ва ба шиносоии ашхосу афрод эътиное нест ва нуфуси мо ба он рағбат надорад”182. Ин ҷо масъалаи нафс матраҳ аст ва мутафаккир сатҳи шиносоии оммаи мардумро гуногун арзёбӣ мекунад.
Ҳамчунин, таъкид менамояд, ки инсонҳо дараҷаи шиносоии мухталиф доранд ва аксар вақт раванди шиносоӣ ба вижагиҳои маърифати нафс нарасида, бо матраҳсозии масоили марбут ба
181
Абӯалӣ ибни Сино, Таълиқот, - Душанбе: “Ирфон”, 1992 - с. 145.
182 Абӯалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб (иборат аз 10 ҷилд), Ҷилди 3, - Душанбе: Ирфон, 1985, - с. 23.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо