Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Воқеан, инсон ба ҳайси ҷонвари гӯё ҳамеша гумшудаи хешро меҷуяд ва зимни ҷустуҷӯҳо ҳатто эҳсос ҳам намекунад, ки лаҳзае моқабл метавонист арзишҳои фарҳангии ба ӯ мансубро гум кунад. Бинобар ин, инсон новобаста аз синну сол, мавқеи иҷтимоӣ ва макони будубошаш тааллуқи худро эҳтиром мекунад ва агар ин эҳсос бинобар тағйирёбии авзоъ ва аҳволи ӯ каме таназзул ёбад, бегуфтугӯ фард дар баробари гумшуда, боз гумкардае хоҳад буд, ки ҳастии ӯ ба меъёрҳои ҳастӣ муқовимат карда, раванди гузариши ӯро аз ҳастӣ ба нестӣ далолат менамояд. Гироиши нохудогоҳонае ба фарҳанги бегона ҳамин авзоро мемонад, ки инсон бидуни дарк кардани арзише онро бар ивази ҳастии худ соҳиб мешавад. Тафаккур ва таърихи фарҳанги тоҷикон аз замонҳои хеле қадим то имрӯз инсонсозӣ ва давлатсозиро мемонад, ки бо вуҷуди ғасбкориҳои мудовими аҷнабӣ ба арсаи ҳалокат расида, боз аз нав эҳё мешаванд. Аммо домҳои муосир ҷиҳати боздоштани ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф қабл аз ҳама бо ниқоби понисломизм нуфуз пайдо кардани понтуркизм мебошад ва ин гуна домҳоро дар даҳсолаҳои аввали садаи XX мушоҳида намудем. Майли беш

176 Бекзода К. Аз таърихи худшиносии тоҷикон, - Душанбе: Дониш, 2006,

  • с. 21.
пешина
аз 303
навбатӣ