Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

шахсияти як фард. Ба иборати дигар ҳувият ишора дорад ба маҷмӯае аз хусусиёт ва вижагиҳо, ки ин хусусиёт зимни он ки миёни иддае аз мардум муштарак аст, онҳоро аз ғайри худашон ҷудо мекунад. Бар ин асос монандӣ (similarity=ҳаммонандӣ) ва тафовут (difference=фарқ кардан) ба лиҳози маъноии унсурҳои аслӣ ва ягонаи зоти мафҳуми ҳувият мебошанд. Бо ин ҳисоб чунончӣ агар гидроген ва оксигенро аз об бигирем, “об” будани он аз байн меравад, агар айният ва тафовутро аз маънои мафҳуми ҳувият бигирем, дигар ҳувият маънои худро аз даст медиҳад. Бо ин ҳисоб шабоҳат, айният ва тафовут масоили “аразӣ” барои ҳувият нестанд, зеро дар сурати салби аразиёт моҳияти як падида аз байн намеравад. Дар ҳоле ки зотиёт бар акси он мебошанд. Албатта, таърифҳои дигаре низ аз ҳувият вуҷуд доранд, вале онҳо низ бо ибороти дигар ва дуру наздик ба ҳамин маъно ишора доранд.
Бо таваҷҷуҳ ба таърифи боло масъалаи зуҳури ҳувият барои инсон ба оғози зисти иҷтимоии он бармегардад ва ба иборати дигар ҳувият марбут ба буъди иҷтимоии инсон аст ва ба буъди сирфан фардии ӯ тааллуқ намегирад. Ба сухани дигар агарчӣ ҳувият дар нигаришҳо ва эҳсосоти шахсӣ ва фардии афрод инъикос мегардад, вале бистар ва заминаи ба вуҷуд омадани он зиндагии ҷамъии инсонҳо мебошад.

пешина
аз 303
навбатӣ