БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Дар айни замон, проблемаи ҳувияти фарҳангӣ, ки дар ҷустуҷӯи ҷавоб ба саволи “Ман дар фарҳанг кистам?”, тавсифи ҳолати мансубияти шахс ба як куллии фардӣ - фарҳанги ӯ ифода ёфтааст ва ҳувият мафҳумҳои зиёдеро дар бар мегирад:
“аслӣ”, “монандӣ”, “мувофиқӣ”, “мансубият”.
Норавшании мафҳум дар он аст, ки дар тарҷума аз инглисӣ “identity” чунин маъно дорад: 1) асл; 2) фардият; 3) шахсият. Дар ҷомеае, ки ба оянда ва рушди устувор нигаронида шудааст, ҳувияти фарҳангӣ ба асли ҳаётии мавҷудияти он табдил ёфта, аъзои ҷомеаро дар атрофи арзишҳои умумӣ муттаҳид мекунад. Якчанд навъи ҳувият матраҳ мешавад. Ҳувияти фарҳангӣ муҳимтарин навъи ҳувият аст, ки ҳам аз лиҳози сохт ва муҳтаво ва ҳам аз лиҳози шароити замонӣ бояд мавриди таваҷҷуҳи амиқу ҷомеъ қарор гирад, зеро ҳувияти фарҳангӣ ба сурати ҷиддӣ дар таҳқиқи соири ҳувиятҳо нақш дорад. Дар воқеъ, фард ба дуруст бояд фарҳанги худро шинохта, дарк карда ва вуҷуҳи имтиёзи онро нисбат ба соири фарҳангҳо бидонад, ҳамчунин, қадрдони он бошад ва ба парвариши фарҳанги худ талош намояд. Ҳувият ба сурати куллӣ иборат аст аз вижагиҳо ва хусусиятҳои ҷудокунанда ё
42 Муъин Муҳаммад. Фарҳанги амид, Ҷилди 2, - Теҳрон: 1363, - с.
1363.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё