БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Махсусан, муҳаққиқоне чун Алии Шариатӣ ва манобеъе чун “Муқаддима” – и Ибни Халдун бархурди мазкурро дар ду истилоҳ:
яке бадавӣ ва дигаре шаҳрнишинӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд. Идораи қудрат бидуни истифода аз дину эътиқодот ва баръакс, ҳукумат кардани ақвоми бадавӣ бо истифода аз бовариҳои динӣ, ё худ амиқтараш тавассути диндорӣ аз зумраи афкори басе шигифт аст, ки мо ҷиҳати баррасии калидвожаи “дунявӣ” вомехӯрем. Тафовути қобили қабули таълими Зартушт аз соири адён таваҷҷуҳи ӯ бар дунявият ва табиати инсон маҳсуб мешавад ва бар хилофи динҳои насронӣ ва ислом Зартушт таъини сарнавишти башарро дар дӯши вай мегузорад.
Бинобар эҳсоси нохуш ба ориёиҳо, аксар қавмҳои бадавӣ ҷиҳати таҳрифи осори хаттии онҳо рафторҳои номақбулро раво дидаанд.
Масалан, туҳматҳое, ки бадгӯён ба шоҳаншоҳи Ҳахоманиш ҷиҳати вуҷуд доштани “никоҳи маҳорим” раво донистаанд, то кунун дар зеҳни бештаре аз инсонҳо маънии ҳақиқатро пазируфтааст. Дигар он буҳтонҳое, ки бар Мониву Маздак нисбат додаанд, бавижа, ҷиҳати умумият доштани занон дар таолими Маздак дар аксар манобеъ, ки ба тамаддуни исломӣ ихтисос мепазиранд, ба таври дастур мунташир ёфта, ҷиҳати бад нишон додани мадракҳои авастоӣ ва паҳлавӣ иқдоми басе бадбинона дар таърих мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо