БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

тоҷикон он мероси ғании хаттиро дигарбора
барқарор менамуданд ва аз эҳтимол дур нест, ки
китобсӯзон дар мисоли мақдуниҳо ва аъроби дар
ҷаҳлу торикӣ қарордошта афкори ба ислом
тааллуқдоштаи хешро аз манобеъе чун “Абасто”
ва баъдан “Менуи хирад”, ё худ “Шаҳристони
Эрон” ва амсолашон, ки феълан таҳти унвони
“адабиёти паҳлавӣ” интишор мешаванд, бардошт
намудаанд, чунки тафаккури ориёӣ дар баробари
ақоиди сомӣ дар осори хаттии исломӣ мушоҳида
мегардад ва чунин дидгоҳ дигарбора исбот
мекунад, ки китобҳо чун ганҷинаи пурбаҳо аз
якдигар баҳрабардорӣ кардаанд. Масалан, рост
истодану ҳамон лаҳза пешоб рондан, ки дар
“Менуи хирад” маҳкум мешавад, дар дигар китоб
ва эътиқодот интиқод ёфтааст ва чунин
такроршавии тарзи тафаккур ҷиҳати бадгӯии
дунявият низ бесабаб намебошад, чунки агар мо
тафаккури мансуб ба Зартушт ва ориёиҳои аҳди
бостонро дар заминаи майл пайдо кардани онҳо
ба дунявият пиндорем, пас ягона тафаккуре, ки
бо он тафаккур қиёспазир асту андешаи сомӣ
дониста мешавад, дар пояи ақоиди раҳбонӣ то
кунун баррасӣ мешавад. Чунин бархурдҳо дар
андешаронӣ ва рушди ҷаҳонбиниҳо имрӯз низ
идома дорад ва басе муҳлатҳост мушоҳида
мекунем, ки ҳамин ду тарзи тафаккур аз ҷониби
милалу дували муосир пайгирӣ хоҳад ёфт, агарчи
ба унвони мудерн ва постмудерн паҳн карда мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо