БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

чунин меорад: “Мартин Лютер (асри XVI) дар натиҷаи таҳлили таҷрибаи рӯзгори мардумони Ғарб, аз ҷумла, таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллати хеш, ба хулосае омадааст, ки бузургтарин неъмат барои халқ истиқлоли миллӣ аст. Вале нуктаи муҳимтарин ин аст, ки чунин мақомро танҳо тавассути истиқлоли зеҳнӣ таъмин кардан имкон дорад. То миллат аз рӯҳияи ғуломӣ озод набошад, вобаста ва идорашавандаи бегонагон хоҳад буд.
Оқибатҳои фоҷиабори он ба дӯши халқ, аз насл ба насл хоҳад гузашт. Вобаста ба ин рӯҳонии соҳибандеша мардонавор шиори машҳури худро эълом дошт: “Озод шудан аз зери султаи папаи Рим кори тамоми миллат аст!” Мантиқи хизматҳои таърихии Мартин Лютер посух додан ба саволе буд, ки “чӣ тавр оилаи бузурги умумидавлатӣ бояд сохт?”.
Ташкил шудани давлатҳои миллӣ дар Аврупо намунаҳои беҳтарини тараққиёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба бор овард. Амният ва суботи ин давлатҳо ҳам, натиҷаи сохти давлатдории миллии онҳост, ки бар пояи ҷаҳонбинӣ ва идеяҳои Мартин Лютер асос ёфтаанд. Аз ақидаҳои миллатхоҳонаи ҳамин рӯҳонӣ сарчашма гирифтаанд”.Посдорони фарҳанги миллии тоҷикон бошанд, дар гузашта барои аз қудрат рафтани намояндагони халқи хеш мусоидат карданд ва онҳоро дар ин ҷода рӯҳониёни мазҳабӣ ҳидоят намуданд, аҳли қалам бошад, бинобар авзои моддию молиявӣ ба даргоҳи аҷнабӣ рафта, онҳоро дар тазъиқу истеъмори миллати худ ҳампаймонӣ карданд ва чунин авзоъ имрӯз низ дар муҳити нашъунамои фарҳанги миллӣ ҳукумат мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо