БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

фарҳанги мо имрӯз ҳисси эҳтироми баланд нисбат ба фарҳанги гузаштаамон мушоҳида мешавад ва ин таъсири худро дар фазои эҷоду роҳандозии ҳаёти маънавии ҷомеа аён месозад”161. Бо нишонаи эҳтиром ниёи худро ҷойи таҳқиқу баррасӣ ҳифз намудем ва бархе ҳамватанон дар ин амр хеле фарохтар рафта, ҳатто девонҳоро ҳифз кардаанд, аммо аз ҳифзи ҳикмати аҷдодӣ моро чӣ суд, вақте ки муҳтавои он ҳикматро надонем. Чун пажӯҳиш нест, тафаккур асли созандаро гум мекунад ва ба зеҳне табдил меёбад, ки ҳамеша аз андешаи ғайр таъсирпазир хоҳад буд. Агар фарҳанги Ғарбро баррасӣ кунем, бешубҳа хоҳем дид, ки дар он таърих ашхосе чун Мартин Лютер, Рене Декарт ва Фридрих Нитше гузаштаро бо имрӯза омезиш надода, балки имрӯзаро аз гузашта наҷот додаанд. Саввумӣ дини насрониро ба ҳайси шиканандаи инсон муаррифӣ кардааст.
Аввалӣ бошад, бар фарҳанги ҳамонвақтаи аврупоӣ эътироз кард ва протестантизм ҳосили ҳамон эътирозест, ки Лютер алайҳи католитсизм доштааст. Саймумин Ятимов дар мақолае таҳти унвони “Пойтахти давлат ва истиқлоли миллат”, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар соли 2021 нашр шудааст,
161 Усмонзода Х.У. Амалияи ҷомеасозӣ ва муосирият, - Душанбе: Дониш, 2020, - с. 173.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо