Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Баробари ин шахсиятҳои бузурги фарҳангию таърихие дорем, ки ҳар кадоми онҳо мавриди эҳтироми хосу ом мебошанд. Вале замони муосир моро водор месозад, ки баробари ифтихор доштан аз гузаштагони хеш дар арсаи зиндагии имрӯза қаҳрамонҳои корзори замонро ба воя расонем, Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, чароғи маърифатро партавафшон созем ва ба наврасону ҷавонони соҳибзавқи хеш ба дастовардҳои тоза ноил гардем то онҳо шукуфоии миллатро таъмин намуда, кишвари моро ба як сарзамини аз ҳар ҷиҳат пешрафта табдил диҳанд”158. Барои шинохти худ инсон бояд ба гузаштаи дур муроҷиат кунад ва хотираи таърихии хешро ҳифз намояд, вагарна ҳамаи дастовардҳо ва бурдбориҳои инсон натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад. Ҳифзи мероси хаттии гузаштагон на бар ин маъност, ки ҳар чӣ дар гузашта аҷдоди шумо ба қалам овардаанд, онҳоро ҳифз кунед, балки воқиф будан зарур аст, ки ниёгони шумо дар гузашта кӣ буданд ва чӣ гуфтаанд, яъне инсон бояд аз дидгоҳи пажӯҳиш ба гузаштаи худ муроҷиат бинмояд ва дар ин маврид дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” ин ҳарфҳоро мутолиа мекунем: “Ҷомеа то хотираи

Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор, - Душанбе: Эр-граф, 2016, - с. 5.

пешина
аз 303
навбатӣ