БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Фарҳанг маҳсули тафаккури инсон аст ва махсус ба ӯ талаққӣ меёбад. Буҳрони фарҳангҳо бештар дар заминаи бархурди тамаддунҳо ба вуҷуд меояд, чунки ҳадафҳое, ки тамаддунҳо айни замон ҷиҳати рушд ва таъмини волоияти хеш роҳандозӣ мекунанд, бар муҳтавои фарҳангҳо зарба мезанад. Бинобар авзои имрӯза дар ҷомеаҳои тавсеаёфта рушди гӯшношуниди тамаддун омили асосии харобшавии фарҳанг маҳсуб мешавад. Алҳол, шаҳрванди кишварҳои рушдкарда ниёзҳои моддӣ надорад ва дар табиати ӯ фақат ҷанбаҳои маънавӣ инқилоб мекунанд, яъне ӯро муҳити маънавӣ лозим аст, ки тавассути он ормонҳои ботинии худро татбиқ созад, аммо чунин муҳитро надорад ва маънаван косташавии табиати даруниаш оғоз мегардад.
Ҳама гуна тараққӣ боз буҳронҳои мухталифро эҷод менамояд ва фалсафаи ҳаёт ҳастиро бидуни нестӣ баррасӣ нахоҳад кард, чунки тамоилҳо бозгӯкунандаи ҷонибҳое мебошанд, ки дар муқобили ҳамдигар қарор доранд. Освалд Шпенглер муътақид аст, ки азбайнравии фарҳангҳо гузариши онҳоро ба тамаддун таъмин хоҳад кард. Баръакси ин, ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф ҳастанд, ки дар онҳо фарҳанг бар тамаддун таъсиргузор буда, заъфи ҳар ду мушоҳида мешаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо