Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Бархе аз ҷомеашиносони ватанӣ чунин мероси фарҳангиро ба шахсе нисбат медиҳанд, ки манобеи исломӣ ӯро асотир хондааст ва ҳақиқати таърихӣ бо дарназардошти маълумоти ҷадиди бостоншиносӣ шахсияти Ҷамшедро хориҷ аз устура медонад. Бояд тазаккур дод, ки пас аз ғасби сарзамин аз ҷониби аъроб ва густариши тамаддуни исломӣ фарҳанги қабл аз исломии тоҷикон дар шакли таҳриф пешниҳод шудаанд ва агарчи бештари мероси хаттии то исломӣ дар пӯшиши исломӣ таблиғ мешаванд, аммо арзишҳои ориёӣ ҳамеша бо арзишҳои сомӣ бархурд хоҳанд кард. Яке аз манобеъ, ки ин бархурдро воқебинона инъикос намудааст, “Муқаддима” – и Ибни Халдун маҳсуб мешавад, аммо асли манобеъ ҷиҳати баррасии тафовутҳои ориёию сомӣ аввалан, “Шоҳнома”, пасон “Маснавии маънавӣ” мебошанд.
Табиат на фақат макони зист барои инсон аст, балки он ба мартабаи ниҳодест, ки вижагиҳои моддию маънавии башарро муайян мекунад. Аммо инсон бинобар хаёлпардозиҳои зоид ва худхоҳиҳои ғайри қобили дастгирӣ табиати хешро мункир шуда, ҷиҳати таҷовуз ба муҳиту табиати ҳамгироӣ замина ба вуҷуд меорад. Бинобар ин, инсон дар табиат мавқеъ ёфта, паси панҷараи манофеъ табиати худро инкор менамояд.

пешина
аз 303
навбатӣ