БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Аммо қабл аз эҳёҳо ва пасон низ дар ҷаҳон донишмандоне маъруфанд, ки табодули инсону ҳайвонро эътироф намудаанд, дар ҳоле ки пешомадони фалсафа инсонро ҳайвон дониста буданд. Дар рӯҳияи ғайри дунявӣ ва алорағми дунё осори арзишманде офаридани инсон қариб ҳар садсолае мушоҳида мешавад, агарчи васфу мазаммат аз дунё аносири печида аст ва хоҳем-нахоҳем чунин вижагиҳо натиҷаи аксуламалест, ки афрод онро эҷод намудаанд, чунки ниҳоди инсонӣ моил ба васф асту интиқод аз бегона, аммо вақте, ки аҷнабӣ кишвареро ғасб карда, миллати онро зери шиканҷа қарор медиҳад, нахустин мубориза алайҳи он шиканҷа албатта тасвири дунёбезорӣ хоҳад буд. Чунки вақте муҳит бо шумо созгор нест ва шумо иртибот бо муҳити хешро ғайри қобили қабул медонед, пас дар чунин ҳолат ягона роҳи ислоҳпазир тасаллут ёфтан бар арзишҳои он муҳит аст, ки шумо он ҷо иқомат доред.
Ҳақиқати таърихӣ ҳамаи ин тасодумҳоро ба унвони он манфиатҳое дархост мекунад, ки мутантан аст ва танҳо ғолиб бар мағлуб имкон дорад фарҳанг таҳмил кунад, аммо баъзан мушоҳида мекунем, ки ғолиб фарҳанги мағлубро пазируфтааст. Бо вуҷуди ин, бояд иқрор кард, ки заминаи пазируфтани фарҳангҳою тамаддунҳо зӯроварист ва ҳар кӣ дар набарди зеҳнӣ ғолиб омад, бар мағлуб андеша таҳмил менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё