Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Аз ин дидгоҳ агар тафаккури раҳбониро таҳқиқ кунем, омили зуҳур кардани он нотавонист ва фалсафаи қаноат низ маҳсули ҳамон нотавониҳо буда, рӯҳияи уфтодагиро таҷассум мекунад. Ибни Халдун фирор аз ҷамъият ва хилватгузиниро дар бадавият мебинад масъалаи канор рафтани башарро аз хушгузарониҳо дар иқлими онҳо баррасӣ намудааст. Ба қавли мавсуф, бодиянишинро табиати бадавӣ ва иқлими хоси саҳронишинӣ тобовар ба гуруснагӣ карда, андаруни ӯ қаноатро эҷод намудааст:
“Бодиянишинон ва ҳам шаҳрнишиноне, ки дар мазиқаву хушунат мезиянд ва аз шаҳавоту хушгузарониҳо дурӣ меҷӯянд, нисбат ба онон, ки ғарқи нозу неъматанд, диндортаранд ва ба ибодат бештар руй меоваранд, балки мушоҳида мекунем, ки аҳли дин дар шаҳрҳо ва амокини пурҷамъият андаканд”152. Яъне, шаҳрҳо ва дигар марокизи тамаддунӣ дар тафаккури дунявӣ перостаанд ва муҳити он ҷо ҷиҳати эҳёи фикри динӣ созгор нест, чунки фикри динӣ ғолибан, дар перояи қаноат, таассуб ва канор рафтан аз хушиҳои инҷаҳон зуҳур карда, оқибат хилватгузинӣ ва тарки ҷамъиятро василаи иртибот бо Холиқ медонад. Ин монандиро дар

152 Ибни Халдун. Муқаддима. Иборат аз ду ҷилд, ҷилди 1, - Душанбе:
2019, - с. 244.

пешина
аз 303
навбатӣ