БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Боре шумо наандешидаед, ки маҳз чунин ҷаҳонбинии динии сиёсиро ҷиҳати гумроҳсозии муслимини дунё таҳия намудаанд ва чаро ин ҷаҳонбинӣ маҳз дар замони интишори сотсиолизм ва саҳюнизми байналмилалӣ эҷод гардидааст? Барои посух ҷустан ба суолҳои матраҳёфта моро зарур меояд, ки дар шаклгирии исёнҳои тахрибкорон таваҷҷуҳ кунем. Аммо аввал исломро сиёсӣ карда, хостанд дар назари адён онро бадном созанд, кунун мехоҳанд бо сиёсисозии ислом муслиминро дар роҳандозӣ шудани манофеи геополитикии худ истифода намоянд. Агарчи паҳлӯҳои мусбати таълимоти марбут ба Саид Ҷамолуддин ва Шайх Муҳаммад Абдуҳ чун муқовимат алайҳи ҳукуматҳои султонӣ ва сиёсати истеъмории кишварҳои Ғарб бинобар таблиғи андешаи эҳёи фикри динӣ қобили қабул буд, аммо ин таълимот таҳкурсиеро фарогир аст, ки ҷиҳати истифода аз онҳо ба ифротгароии динӣ санги асос мегузорад.
Махсусан, сиёсисозии ислом, таҳияи давлати хоси хилофати исломӣ ва даъвати бозгашт ба аҳди пайғомбар барои аксар наҳзатҳое, ки дар ду садсола ба арсаи ҳастӣ гом гузоштанд, чун сарманшаи ифротгароӣ хидмат намудааст.
Аҳзоби сиёсии муосир низ иртиботи худро бо “ҳизбулватан” – и Саид Ҷамолуддин мутазаккир шуда, ҷиҳати тавсеа ёфтани ормонҳои хеш аз таълимоти мавсуф суйиистифода мекунанд. Чаро понисломизм рушди ҳамаҷонибаи Ғарбро истиқбол накард?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё