Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Субъектҳое, ки ба онҳо андешаҳои фасодкорӣ таҳмил мешаванд, дар аксар маврид аҳли зиё мебошанд ва аҷнабӣ бо онҳо тавассути “хайрия, “грант” ва дигар шаклҳои иртиботҷӯӣ ҳамоҳанг мешаванд. Омили асосии ба тахрибкорӣ рӯоварии гурӯҳе аз шаҳрвандони кишвар пойбандии онҳо ба бовариҳои динӣ маҳсуб мешавад. Ҳатто бартарӣ доштани ҷаҳонбинии динӣ бар ҷаҳонбинии илмӣ баъзе аз зиёиёни кишварро субъекти таҳмилҳои аҷнабӣ кардааст. Гузашта аз ин, масъалаи бартарии дини ислом аз дигар динҳою мазҳабҳо ва рӯоварии шахсиятҳо ба ин дин ҳамарӯза баррасӣ шуда, андешаҳои пук он ҷо корида мешаванд.
Вале бархе аз уламо вазифадор шудаанд, ки бартарии динро аз илм тавассути табъу нашри мақолаҳои оммавӣ исбот намуда, дар мағзи хонанда розҷӯии диниро таҳмил кунанд. Ҷиҳати таҳқиқи тамоили тавсеаёфта дар ҷаҳони муосир камина аз шумо даъват мекунам, ки ба ҷаҳонбинии сиёсиву динии охири садаи XIX ва аввали қарни XX бо номи понисломизм рӯ оваред, ки амалан чӣ гуна роҳандозӣ шудааст ва чаро наҳзатҳои муосири понисломистӣ дар пояи низомномаи Саид Ҷамолуддин амал менамоянд?
Саид Ҷамолуддини Асадободӣ ва дар баъзе сарчашмаҳо Афғонӣ ҳамроҳ бо шайх Муҳаммад Абдуҳ аз сиёсӣ сохтани ислом чӣ мехостанд?
Баъдан, чаро оқибати наҳзатҳои понисломистӣ бо ғалабаи понтуркизм анҷом мепазиранд?

пешина
аз 303
навбатӣ