Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Эҳёи таърих ҳамеша як бозсозии
мушкилсоз аст ва таърих бознамоие аз гузашта
аст”133. Хотира ба унвони манбаи амиқи
тахайюли башар дар асотири Юнони бостон
таҳти унвони Мнемозина, яъне модари муз ва
ҳомии илму ҳунар шинохта шудааст. Ин авомил
нишондиҳандаи он аст, ки дар асли худ хотираи
фарҳангӣ ба унвони иртиботе шоирона бо
гузашта буда, ин иртибот ба дурустӣ ёдгирӣ нест
ва шабеҳи тахаюлест, ки наздик бо ҳавзаи
эҳсосот қарор дорад. Дар воқеъ, аҳвол ва авзои
мушкили ҷустуҷӯ ва буҳрони ҳувиятҳо дар
чаҳорчуби хотираи коллективӣ бо хатарҳои
бисёре рӯ ба рӯст. Аз як тараф, ҷомеа дар ҳоли аз
даст додани ҳувияти худ мебошад ва муваққатӣ
ба вуҷуд меояд, ки хотираи дастҷамъӣ аз тариқи
танзим густариш хоҳад ёфт. Аз нигоҳи файласуф
Анри Бергсон хотира интиқоли гузашта ба имрӯз
мебошад: “Ба назари ман, ҳеҷ эҳсос, тасаввур ё
тамоиле вуҷуд надорад, ки дар ҳар лаҳза тағйир
накунад. Биёед идроки басарии як шайъ ва ғайри
мутаҳаррики хориҷиро истифода кунем. Ҳатто
агар ҷисм бидуни тағйир боқӣ бимонад, агар аз
ҳамон тараф ба он нигоҳ кунем, дар ҳамон зовия,
дар ҳамон рӯз бо ин аҳвол бардошти ман дар
ҳоли ҳозир мутафовит аст. Вале бардоштҳое, ки

Нора П. Мест памяти, - СПБ: 1999, - с. 45.

пешина
аз 303
навбатӣ