Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Ин амали дарюзамонанд дар таърихи тамаддуни башар риҷолдуздӣ ва фарҳанграбоӣ маҳсуб мешавад ва хоҳем нахоҳем ин дарюзагии таърихӣ муваққатӣ буда, дер давом намекунад.
Боби II. Масъалаҳои ба ворисиятгирии хотираи фарҳангӣ дар шароити соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2.1. Фазои фарҳангӣ ва масъалаи синтезу баҳамоии фарҳангҳо дар ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистон
Хотираи фарҳангӣ аз ҷониби афроди пажӯҳандае чун Морис Халбвакс, Ян Ассман, Пер Нора, Ричард Тердиман, Андреас Хюссен ва дигарон баррасӣ шуда, паҳлӯҳои гуногуни он чун бахши ҷамъиятӣ ва таърихии он таҳқиқ ёфтаанд.
Истилоҳи “хотираи фарҳангӣ” аввалин бор тавассути муаррихи фарҳанги динии олмонӣ Ян Ассман истифода шудааст. Аммо фикри мавриди таваҷҷуҳро муаррих ва муаллифи консепсияи “макони хотира” Пер Нора нигоштааст. Ӯ дар ин маврид мегӯяд: “Чунин аз байн бурдани хотира таҳти таҳоҷуми таърих натоиҷи зерро дар бар мегирифт: шикастани як пайванди ҳувияти бисёр қадимӣ, поёни он чи мо ба унвони бадеҳият чун ҳувияти таърих ва хотира таҷриба кардем. Агар худи мо пажӯҳишро ҷиҳати ҳифзи хотираи худ идома медодем, дигар ниёзе надоштем маконҳои хосеро ба ӯ ихтисос диҳем. Хотира зиндагист ва ҳомиле, ки ҳамеша тавассути гурӯҳҳои иҷтимоии зинда бознамоӣ мешавад ва аз ин хотир, дар раванди такомул собит ва ҳифзи фаромӯшии боз асту аз тағйири шаклҳои пайдарпайи он огоҳ нест. Қодир ба давраҳои нуҳуфтаи тӯлонӣ ва ногаҳонист.

пешина
аз 303
навбатӣ