БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Ёдгориҳои илми муосир авомили рушду тараққӣ ва инҳитоти тамаддунро дар чӣ мебинанд? Оё инсон бо мурури замон аз лиҳози зеҳнӣ мукаммал мегардад ё худ инсонҳо чунонки ҳазорсолаҳо муқаддам тафаккур доштанд, имрӯз низ дар ҳамон сатҳ андешаронӣ хоҳанд кард?
Магар таҳаввул айни замон инҳитот нест? Агар ба ҷомеаи муосир нигарем, чунин хулоса хоҳем кард, ки башар дар баробари рушд ва тараққӣ боз таназзул меёбад. Бемамониат тамаддуни мудерн таҳмил мешавад, яъне таҳриф аз хотири таҳмил аст ва дар айни замон барои иддае аз даъвогарон ҷиҳати таҳмили истротегияҳои навбунёдашон зарурати таҳриф ворид намудан дар матни қадимтарин осор ва мероси хаттӣ пайдо гардидааст. Бархурди тамаддунҳо бо дарназардошти мероси хаттии башарият аз оғози таърих то имрӯз идома дорад ва ин бархурд танҳо аз хотири ғолиб омадан дар набарди фарҳангӣ бақо ёфтааст. Таҳриф дар осор идомаи ҳамон таҳрифҳоест, ки дар кутуби илоҳӣ ворид намудаанд ва далели муътаммади ин ҳарфҳо равандҳоест, ки башарро аз найранги таҳиягарони фарҳанг ва тамаддуни ғолиб бар соири фарҳангу тамаддунҳои миллӣ воқиф сохтааст ва омили асосии нуфузи гӯшношуниде пайдо кардани постмодерн низ ифшо намудани асрорест, ки дигарон онро пинҳон медоранд ва барои огоҳии башар монеаҳо эҷод менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё